Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАДБИҚИ МАРҲИЛАИ АВВАЛИ БАРНОМАИ “ОМӮЗИШИ ФАРҲАНГ ВА МЕРОСИ ОЛИМПӢ”

21.05.2024

: 159

Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ бо иштироки омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонии Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат”-и ш. Кӯлоб, Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и ш. Кӯлоб, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 ба номи Умаров Мирзо, н. Восеъ, Литсеи давлатии №1-и н.Восеъ, Муассисаи давлатии таълимии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати ш. Турсунзода, Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат”-и ш. Ҳисор, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Ҷамшедшои Мирзо, н. Ш. Шоҳин, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Соҳиб Табар Шуратиевич, н. Муъминобод ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ба номи Далиев  Назар, н. Муъминобод дар давоми 5 рӯз баргузор гардид.
Баргузории семинари омӯзишии мазкур ин марҳилаи аввали барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ” дар ҷумҳурӣ буда, тадбиқи ду марҳилаи дигари барномаи мазкур бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии болозикргардида ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин семинари омӯзишӣ маърӯзачиён аз рӯи Дастурамал оид ба “Омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ” мавзуъҳоро оид ба сиёсати бузурги варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарҳанг ва мероси олимпӣ ба омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таълимии мазкур омӯзиш доданд.
Дар марҳилаи дуюми ин ташаббус омӯзгороне, ки дар ин семинари омӯзишӣ иштирок намуданд, аз рӯи Дастурамал оид ба “Омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ” ба зиёда аз 5000 хонандагони Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат”-и ш. Кӯлоб, Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и ш. Кӯлоб, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 ба номи Умаров Мирзо, н. Восеъ, Литсеи давлатии №1-и н.Восеъ, Муассисаи давлатии таълимии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати ш. Турсунзода, Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат”-и ш. Ҳисор, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Ҷамшедшои Мирзо, н. Ш. Шоҳин,  Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Соҳиб Табар Шуратиевич, н. Муъминобод ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ба номи Далиев  Назар, н. Муъминобод роҷеъ ба сиёсати варзишпарварона ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, фарҳанг ва мероси олимпӣ дарсҳои омӯзишӣ баргузор менамоянд.
Зимнан, дар марҳилаи сеюм пас аз ба пуррагӣ таълим додани хонандагон, бо мақсади ҳадафмандона татбқ шудани ин ташаббуси Кумита миёни хонандагони ин муассисаҳои таълимӣ ҷамъомаду виктаринаҳо баргузор мегардад.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаҳои таълимии болозикргардида кӯмаки яквақтаина, аз қабили маводҳои дафтардорӣ ва лавозимотҳои варзишӣ расонида мешавад.