Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

43-ЮМИН ҶАЛАСАИ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ШӮРОИ ОЛИМПИИ ОСИЁ БАРГУЗОР ГАРДИД

11.05.2024

: 305

Дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд 43-юмин ҷаласаи Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – Дилшод Назаров ва директори Департаменти хазинадории Кумита – Собирзода Бахтиёр намояндагӣ намуданд.
Дар кори ҷаласа ҳисобот доир ба рафти омодагиҳо дар Бозиҳои дарпешистодаи Осиё, аз ҷумла 6-умин Бозиҳои Осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Тайланд, гузориши Кумитаи ислоҳоти конститутсионӣ шунида шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Шӯрои олимпии Осиё - Раҷа Рандхир Сингҳ намояндагони 45 кумитаҳои миллии олимпии қораи Осиёро дар ифтитоҳи 43-юми Ассамблеяи генералӣ хайрамақдам намуд. Иброз намуд, ки бо дастгирии Кумитаи байналмилалии олимпӣ таҳти роҳбарии Президенти КБО Томас Бах, Шӯрои олимпии Осиё роҳеро пеш бурда истодааст, ки ба мероси қораи Осиё эҳтиром гузошта, бо арзишҳои олимпӣ мувофиқат мекунад.
Томас Бах - Президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ, нақши калидии Осиёро дар Ҳаракати олимпӣ ситоиш кард. Зимни суханронӣ тавассути пайванди видеоӣ дар 43-юми Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё дар Бангкок, ӯ аз созмони Шӯрои олимпии Осиё таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи Президент Раҷа Рандхир Сингҳ барои дастгирии варзишгарони Осиё ситоиш намуда, аз муваффақияти рӯйдодҳои Олимпии ахир дар Осиё, аз ҷумла дар Пхенчон-2018, Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 ва Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 ёдовар шуд.
Ҳамзамон, дар кори ин ҷаласа Кумитаи тадорукот ва масъулини Шӯрои олимпии Осиё нақшаҳо ва омодагиҳои худро оид ба баргузории Бозиҳои осиёии наврасон, ки моҳи сентябри соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор мешавад, ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.