03.05.2024
: 334
Санаи 3 майи соли 2024 дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо роҳбарии ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон - Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ҷаласаи XXIII Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор гардида, фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар соли 2023 таҳлилу натиҷагирӣ карда шуд.
Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ иброз намуд, ки рӯзномаи ҷаласаи мазкурро тибқи тартиботи муқарраргардида Кумитаи иҷроия дар 11 банд пешниҳод намудааст. Зимнан, рӯзномаи ҷаласа мавриди баррасии аъзо қарор дода шуда, барои тасдиқ ба ҷаласаи Ассамблеяи генералии навбатӣ пешниҳод карда шуд.
Сипас, рӯзнома ва протоколи ҷаласаи 22 - юми Ассамблеяи генералии Кумита, ки санаи 11 - уми майи соли 2023 баргузор гардида буд, бо тарафдории аъзои Ассамблеяи генералии Кумита тасдиқ гардиданд.
Ҳамзамон, дар кори ҷаласаи мазкур масъалаҳои омодагӣ ба 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024, ҳисоботи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар соли 2023, ҳисоботи Комиссияи назоратӣ – тафтишоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ҳисоботи молиявии аудитшуда дар соли 2023, фармоишҳо, қарорҳои Бюрои Кумитаи иҷроия ва Кумитаи иҷроияи Кумита, интихоби аудитори мустақили беруна ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар робита ба тасдиқ ва пайгирии онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки зимни баргузории ҷаласа аз ҷониби аъзои Ассамблеяи генералии Кумита лоиҳаи “Дастурамали Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва ошкор кардани қаллобӣ” баррасӣ ва тасдиқ гардид, ки минбаъд дар фаъолияти рӯзмарраи Кумита мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар робита ба омодагӣ ба 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ зикр намуд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумита баҳри анҷоми корҳои логистикӣ, таъмин намудани ҳайати олимпӣ бо либосҳои расмӣ ва варзишӣ, сафарбар намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои квалификатсионӣ, аккредитатсияи ҳайати олимпӣ, будубош ва анҷоми дигар корҳои ташкилӣ дар ин самт тамоми чораҳои амалиро роҳандозӣ намуда истодааст.