Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҲАЙАТИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БО РАВОДИДИ НАВЪИ ШЕНГЕН ВОРИДИ ФАРОНСА МЕГАРДАНД

ҲАЙАТИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БО РАВОДИДИ НАВЪИ ШЕНГЕН ВОРИДИ ФАРОНСА МЕГАРДАНД ҲАЙАТИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БО РАВОДИДИ НАВЪИ ШЕНГЕН ВОРИДИ ФАРОНСА МЕГАРДАНД ҲАЙАТИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БО РАВОДИДИ НАВЪИ ШЕНГЕН ВОРИДИ ФАРОНСА МЕГАРДАНД ҲАЙАТИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БО РАВОДИДИ НАВЪИ ШЕНГЕН ВОРИДИ ФАРОНСА МЕГАРДАНД

30.04.2024

: 398

Санаи 30 апрели соли равон дар бинои Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон бо мақсади омодагиҳои ҳамаҷониба ва пайгирии корҳои логистикии ҳайати олимпии кишвар дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 мулоқоти ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – Назаров Дилшод, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – Абдуллозода Муҳаммадшо  бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон – Элза Пинёл ва корманди Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Душанбе – Разма Ҷонас баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои бо ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Фаронсаву Олмон ёдовар шуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ва Конслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон муҳтарам Олаф Шолсро дар рушду пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварҳо олӣ арзёбӣ намуданд.
Роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зимни мулоқот ба намояндагони дипломатии Фаронса ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки хушбахтона варзишгарони тоҷик ба 33-юм Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 роҳхатҳоро касб намуда истодаанд.
Зимнан, роҳбарияти Кумита ёдовар шуданд, ки мусобиқаҳои квалификатсионии байналмилалӣ моро дар пеш интизор аст, ки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо ширкат хоҳанд кард. Зикр гардид, ки иштирок дар ин мусобиқаҳои квалификатсионӣ ба варзишгарони муваффақи мо имконияти фаррохро ҷиҳати ба даст овардани имтиёзҳои роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024-ро медиҳад.
Ҷонибҳо дар мулоқот масъалаи ворид шудани ҳайати олимпии Тоҷикистонро ба Фаронса мавриди баррасӣ қарор доданд. Бинобар сабаби набудани Консулгарии Фаронса дар мамлакат, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба ҳайати олимпии кишвар раводиди навъи шенгенро дастрас менамоянд ва ҳайати олимпии ҷумҳурӣ бо ҳамин навъи раводид  барои иштирок дар 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 вориди Фаронса мегарданд.
Дар охир Сафири Фаронса дар Тоҷикистон – Элза Пинёл ва корманди Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Душанбе – Разма Ҷонас иброз намуданд, ки онҳо баҳри анҷоми корҳои логистикӣ, ба даст овардани раводиди шенген ва анҷоми дигар корҳои ташкилӣ ба ҳайати олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.