13.02.2023
: 188
Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов барандаи медали биринҷии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» гардид.
Дар «Ҷоми рушд-2023», ки аз 5 то 11 феврал дар шаҳри Минск баргузор шуд, ҳашт даста ширкат карданд: Тоҷикистон (U-17), Россия (U-17), Эрон (U-17), Беларус (U-16), Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Узбекистон (U-16), Россия (U-16).
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бидуни бохт «Ҷоми рушд-2023»-ро ҷамъбаст кард. Шогирдони Раҳматулло Фузайлов дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо тимҳои Россия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ бозӣ карда, бар дастаи Эрон (3:1) пирӯз шуданд.
Дастаи мо дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими наврасони Россия (U-16) бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.
Аз рӯи натиҷагирии мусобиқа ду бозингари тими наврасони Тоҷикистон (U-17) дар қатори беҳтаринҳо қарор гирифтанд. Капитани мунтахаби наврасони мо Абубакр Сулаймонов беҳтарин бозингари «Ҷоми рушд-2023» ва ҳамлагар Раббонӣ Камолов бо задани 4 гол беҳтарин нишонзан эътироф гардиданд.