10.02.2023
: 323
Соли 2022 650 варзишгар – аъзои дастаҳои мунтахаби кишвар ба 64 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардида, ба хазинаи варзиши мамлакат 548 медал, аз ҷумла 150 тилло, 162 нуқра, 236 биринҷӣ ворид намуданд.
Ин нуктаро 10 феврал раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло дар нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Қайд гардид, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 150 медал (47 тилло, 41 нуқра, 62 биринҷӣ) зиёд мебошад.
- Соли сипаришуда соҳаи варзиши мамлакат ба дастовардҳое ноил гардид, ки дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар бори аввал ба вуқуъ пайвастанд. Чунончӣ, ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳхат ба даст овардани тими мунтахаби футболи кишвар, дар радабандии ҷаҳонии ҷудо (вазни +100кг) дар ҷои аввал қарор гирифтани Темур Раҳимов ва то охири сол ҳифз намудани ин мавқеъ, дар Гранд Слами Боку сазовори медали тилло ва дар мусобиқаи ситораҳои ҷудо сазовори медали нуқра шудани Темур Раҳимов, дар шаҳри Душанбе баргузор шудани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, Чемпионати Осиё оид ба кураш, Чемпионати Осиё оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ, инчунин ба фаъолият шуруъ намудани намояндагиҳои клубҳои бонуфузи ҷаҳонии Ювентус ва Крокус-фитнес аз ҷумлаи чунин дастовардҳо мебошанд, - гуфт Раҳмонзода А.