26.01.2023
: 260
26 январ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо президенти Ташкилоти ҷаҳонии варзишҳои обӣ Ҳусейн Ал-Мусаллам мулоқот анҷом дод.
Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмонони олиқадрро ба пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфт.
Президенти Ташкилоти ҷаҳонии варзишҳои обӣ Ҳусейн Ал-Мусаллам оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш хосатан варзишҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷаҳонӣ ибрози назар намуда, зикр кард, ки барои рушду густариши соҳа тадбирҳои мушаххасу амалӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи варзиш, аз ҷумла ҳолати кунунӣ ва рушди шиноварӣ ба таври муфассал баррасӣ гардид.
Қайд шуд, ки солҳои охир барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имконоти мувофиқ ва ҳам ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳам гардида, дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо шаҳри Душанбе метавонад мизбонӣ намояд.
Дар охир Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба меҳмонон ҷиҳати ҳамкорӣ барои рушд ва инкишофи варзишҳои обӣ дар мамлакат изҳори сипос намуд.