26.01.2023
: 296
25 январ ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) Раҳмонзода Абдулло бо президенти Ташкилоти варзишҳои обии ҷаҳонӣ, директори генералии Шӯрои олимпии Осиё Ҳусейн Ал-Мусаллам мулоқот кард.
Дар мулоқот, ҳамчунин президенти Федератсияи байналмилалии Кураш, директори Департаменти Бозиҳои Осиёи Шӯрои олимпии Осиё Ҳайдар Фармон, президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама Ал-Шафар, аз ҷониби КМОТ ноиби Президенти КМОТ Дилшод Назаров, котиби генералии КМОТ Абдуллозода Муҳаммадшо ва директори генералии КМОТ Мавзуна Чориева ширкат доштанд.
Абдулло Раҳмонзода зимни мулоқот аз ҷумла иброз намуд, ки ташрифи меҳмонон ба сарзамини Тоҷикистон ба рушди намудҳои гуногуни варзиш мусоидат хоҳад кард.
“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан роҳбари давлат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус доранд. Ҳамин аст, ки агар соли 1990 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 1000 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шуда буд, ин шумора феълан ба беш аз 10 000 расидааст. Аз ҷумла, соли 2021 дар шаҳри Душанбе як маҷмааи варзишҳои обӣ бо сатандартҳои байналмилалӣ ба истифода дода шуд, ки имкон дорем мусобиқаҳои сатҳи байналмилалиро гузаронем”, - иброз намуд Раҳмонзода А.