28.12.2022
: 329
Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ба синни 54 расид.
Аҳли кормандони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Мирзохонро ба муносибати солгарди умр шодбош гуфта, барояш, умри дарози бобаракат, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонро таманно дорем.
Абдуллозода Муҳаммадшо Мирзохон 28 декабри соли 1968 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Соли 1994 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе (рӯзона)-ро бо дипломи аъло, соли 2005 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва соли 2003 Академияи байналмилалии олимпиро хатм кардааст.
Аз соли 1993 дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун – тарҷумон, сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, иҷрокунандаи вазифаи Котиби генералӣ, директори генералӣ - кор кардааст.
Соли 2017 барои давраи 2017-2021 ва соли 2021 барои давраи 2022-2024 Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.
Абдуллозода Муҳаммадшо ҳамзамон раиси Федератсияи текболи Тоҷикистон, котиби генералии Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш, котиби генералии Федератсияи шиноварии Тоҷикистон, мебошад.
Аз феврали соли 2009 узви Кумитаи варзиш ва муҳити зисти Шӯрои олимпии Осиё, аз июни соли 2009 Директори курсҳои бозомӯзӣ барои маъмурони соҳаи варзиши Кумитаи байналмилалии олимпӣ, аз июли соли 2014 Директори давраҳои омӯзишии сатҳи баланд оид ба идоракунии соҳаи варзиши Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад.
Бо унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали Хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ордени фахрии Шӯрои олимпии Осиё сарфароз гардидааст.