21.12.2022
: 334
Мусобиқа оид ба варзиши сабук аз аввалин Бозиҳои олимпӣ – соли 1896 дар Афинаи Юнон ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардидааст. Аввал қувваозмоиҳо миёни мардон сурат мегирифт, аз Бозиҳои олимпии соли 1928 дар Амстердам қувваозмоиҳо миёни бонувон низ ба роҳ монда шуд.
Варзишгарони Тоҷикистон оид ба ин намуди варзиш аз соли 1996 дар ҳамаи Бозиҳои олимпӣ иштирок кардаанд: Атланта-1996 - 1 нафар (Гулсара Дадабоева, марафон), Сидней-2000 – 2 нафар (Гулсара Дадабоева, Сергей Забвский, марафон), Афина-2004 - 2 нафар (Гулсара Дадабоева, марафон, Дилшод Назаров, гурзандозӣ), Пекин-2008 - 2 нафар (Галина Митяева, Дилшод Назаров, гурзандозӣ), Лондон-2012 - 2 нафар (Владислава Овчаренко, 200м, Дилшод Назаров, гурзандозӣ), Рио-де-Жанейро-2016 – 2 нафар (Кристина Пронженко, 200м, Дилшод Назаров, гурзандозӣ).
Дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров бо натиҷаи 78,68 метр сазовори медали тилло шуд. Дилшод Назаров иштирокчии 4 олимпиада ва Гулсара Дадабоева иштирокчии 3 олимпиада мебошанд.
Системаи интихобии варзиши сабук ба Бозиҳои олимпии Париж, ки аз 2 то 11 августи соли 2024 баргузор мешавад, нашр шуд.
Мисли Олимпиадаи Токио ва Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук – Орегон-22, системаи интихобии олимпӣ бо роҳ сурат мегирад: 50% варзишгарон мувофиқи иҷрои меъёрҳои муқарраршуда ва 50% боқимонда тибқи радабандии ҷаҳонӣ.
Барнома аз 23 мусобиқа барои занон ва 23 мусобиқа барои мардон, инчунин аз ду сабқати омехта – эстафетаи омехтаи 4х400 метр ва давидан ба масофаи 35 километр миёни дастаҳои омехта иборат аст.
Барои дав ба масофаи 10000 метр, мусобиқаҳои бисёрҳарба, пойга ва эстафета, марҳилаи интихобӣ аз 31 декабри соли 2022 то 30 июни соли 2024 пешбинӣ шудааст. Барои марафон марҳилаи интихобӣ 1 ноябри соли 2022 оғоз ёфтааст ва то 30 апрели соли 2024 идома меёбад. Барои ҳама мусобиқаҳои дигар, марҳилаи интихобӣ аз 1 июли соли 2023 то 30 июни соли 2024 муайян гардидааст.
Барои марафон, ҳама варзишгароне, ки дар рӯйхати “Quota Place Road to Paris” аз 30 январи соли 2024 то ҷои 65-умро касб мекунанд, соҳиби роҳхати олимпӣ ҳисобида мешаванд. Пас аз 30 январи соли 2024, 20% ҷойҳои боқимонда бо ҳамон меъёрҳои интихобии дар боло зикршуда тақсим мешавад.
“World Athletics” дар нимаи дуюми соли 2023 воситаи расмии мониторинги интихобиро (Роҳ ба Париж) дар бахши Статистикаи вебсайти ҷаҳонии варзиши сабук нашр хоҳад кард.
Умуман, дар варзиши сабук 1810 нафар (905 мард, 905 зан) имкони иштирок дар Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро доранд.
Мусобиқаи варзиши сабук дар Бозиҳои олимпии Париж-2024
Қувваозмоӣ – 48
Мардон – 23
Бонувон – 23
Омехта - 2
Шумораи иштирокчиён
Мардон/бонувон - 1810
Синну сол:
Калонсолон - 20+ барои ҳамаи мусобиқаҳо.
Ҷавонон – 18-19-сола дар мусобиқаи дав ба масофаи 50км иштирок карда наметавонанд.
Наврасон – 16-17-сола дар мусобиқаҳои маҷмӯӣ, дар майдон, дар шоҳроҳ, марафон, 10000м иштирок карда наметавонанд.
Тақсимоти ҷойҳо:
Роҳхат тариқи раддабандии ҷаҳонӣ ва иҷрои меъёрҳои муайяншуда
Меъёрҳои Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024: