19.11.2022
: 393
19-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ҷаласа дар баробари аъзои федератсия, ноибони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва Дилшод Назаров ширкат карданд.
Пас аз тасдиқи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласа ҳозирин ба баррасии масъалаи аввали Конфронс - интихоби президенти федератсия шуруъ намуданд. Вобаста ба масъалаи мазкур қайд карда шуд, ки дар мувофиқа бо президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо президенти феълии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов бо хоҳиши худ аз вазифа истеъфо дода, номзадии Исмоили Маҳмадзоир ба ин вазифа пешниҳод шудааст. Бо ҷонибдории якдилонаи иштирокчиёни ҷаласа Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 интихоб карда шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки чанд соли охир ҷудокорони тоҷик тавонистанд, ба натиҷаҳои баланд даст ёфта, Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд: аз ҷумла, ду медали тилло аз Чемпионати Осиё, ду медали тилло аз Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон, медали тилло ва медалҳо аз Гран Прӣ ва Гранд Сламҳо.
Вале дар ин радиф мушкилиҳо низ мавҷуданд, ки онҳо бештар мушкилиҳои молӣ, набудани шароити мусоид ва муосир баҳри баргузории машқҳои дастаҷамъона ва монеаҳо дар сафарбаркунии варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва будубоши онҳо дар хориҷ аз кишвар рабт доранд, ки ҳамакнун умед аст бо интихоб шудани перзиденти нав ин камбудиҳо бартараф карда мешаванд.
Яке аз вазифаҳои муҳими тамоми масъулин ва роҳбарияти тозаинтихоби Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дарёфти шумораи бештари роҳхатҳои олимпӣ ва махсусан ба даст овардани медали Бозиҳои олимпӣ мебошад.
Исмоили Маҳмадзоир зимни суханронӣ барои боварӣ ба иштирокчиён изҳори миннатдорӣ карда, афзуд ки баҳри рушди ҷудо дар мамлакат, дастгирии варзишгарон ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузи варзишии кишвар тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳад.
Ногуфта намонад, ки Исмоили Маҳмадзоир тӯли солҳои охир ба густариши варзиш ва оммавӣ гардонии тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар самти дастгирии дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб нақши босазо гузошта истодааст. Дар баробари ин Клуби ҷудои "Ҳоҷӣ Шариф"-ро сарпарастӣ намуда, дар тарбияи ҷудокорони наврасу ҷавон саҳмгузор мебошад.
Нурулло Лоиқов, ки аз вазифаи президенти федератсия истеъфо дод, ба вазифаи ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб гардид.