14.11.2022
: 285
14 ноябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” мавриди истифода қарор гирифт.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихорӣ 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон бо харҷи 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии иншоот баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки ҷавонону наврасонро бештар ба варзиш ҷалб намоянд.
Иншооти нави варзишӣ дар масоҳати 885 метри мураббаъ бо дарназардошти шароити зарурӣ ва мутобиқ ба талаботи варзишиву солимгардонӣ сохта шудааст. Дар қасри варзиш 10 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, санитарӣ ва корӣ ҷой дода шуда, барои тамошои мусобиқаҳои варзишӣ ба 300 нафар ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст.
Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” асосан барои намудҳои гуштин, каратэ ва гимнастика пешбинӣ гардида, дар баробари писарон духтарон низ ба машқу тамрин фаро гирифта мешаванд. Бо бунёди ин иншооти замонавӣ намудҳои гуногуни варзиш дар ноҳияи Деваштич рушд хоҳад кард.
Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” дорои шароити муосир буда, дар баробари муҷаҳҳаз намудани иншоот бо гилеми махсуси варзишӣ, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 нафар варзишгар бо либоси варзишӣ таъмин гардид.
Давоми солҳои охир дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд садҳо иншооти варзишии ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гардида, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш замина фароҳам оварда шуд.