10.11.2022
: 348
8-10 ноябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон семинари омӯзишии нозирони допинг баргузор шуд.
Семинар бо ташаббуси Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA), Ташкилоти минтақавии зидди допинг дар Осиёи Марказӣ (RADOCA) ва Ҳамбастагии олимпӣ баргузор шуда, 10 нафар мутахассиси соҳаи тибби варзиш аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба омӯзиш ҷалб шуданд.
Машғулиятҳоро ба таври назариявӣ ва амалӣ роҳбари RADOCA Венера Абдулла гузаронида, дар анҷом ба иштирокчиёни сертификат дода шуд. Онҳо минбаъд дар Тоҷикистон ҳамчун нозири допинг фаъолияташонро идома медиҳанд.
Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров бо Венера Абдулла мулоқот карда, рушди ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тибқи Кодекси ҷаҳонии зидди допинг аз январи соли 2021 ҳамзамон уҳдадориҳои Ташкилоти миллии зидди допингро иҷро мекунад.
Венера Абдулла ҳамчунин бо муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Парвиз мулоқот кард. Зимни мулоқот, аз ҷумла масъалаи таъсиси Ташкилоти зидди допинги Тоҷикистон баррасӣ гардид.