28.09.2022
: 347
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022-ро, ки дар Кувейт ҷараён дорад, бо пирӯзӣ оғоз кард.
Футболбозони Тоҷикистон 27 сентябр дар даври аввали бозиҳои гурӯҳи «В» бар тими миллии Баҳрайн бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд. Голҳои Умед Кузиев, Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров ба тими мо се имтиёз овард.
Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «В» мунтахаби Узбекистон бар тими Туркманистон бо ҳисоби 8:0 зафар ёфт.
Дар даври дуюми Ҷоми Осиё-2022 рӯзи 29 сентябр тими миллии Тоҷикистон бо тими Узбекистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.