Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТУҲФАИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ЭМОМАЛӢ НУРАЛӢ

05.09.2022

: 449

5 сентябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ варзишгари ҷавон - дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе, чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон Эмомалӣ Нуралиро ба ҳузур пазируфт.

Раиси шаҳри Душанбе Эмомалӣ Нуралиро, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон медали тиллоро соҳиб гашта, парчами Тоҷикистонро баланд бардошт, таҳният гуфт.

Ҳамчун нишони қадрдонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе ба чемпиони ҷаҳон калиди хонаи 2-ҳуҷрагиро бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт тақдим намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки 10-13 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Гуайкили Эквадор Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 373 варзишгар аз 63 давлати дунё иштирок намуданд. Эмомалӣ Нуралӣ дар ин мусобиқаи бонуфуз дар вазни -66кг ҳамаи ҳарифони худро шикаст дода, унвони чемпиони ҷаҳон миёни ҷавононро соҳиб гардид.

Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгар дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият таманно намуда, иброз намуд, ки ҷавонони бонангу номус муаррифгар ва номбардори ватани хеш маҳсуб меёбанд ва ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат қарор доранд.