02.09.2022
: 386
Созмони “Варзиши сабуки ҷаҳонӣ” (World Athletics) Чемпионати ҷаҳон дар толорро, ки бояд дар Нанҷинг баргузор мешуд, дубора бо сабаби “COVID-19”, ба таъхир андохт.
Шӯрои Варзиши сабуки ҷаҳонӣ қарор қабул кард, ин мусобиқа, ки мебоист аз 17 то 19 марти соли 2023 баргузор мешуд, акнун соли 2025 доир мегардад.
Кумитаи тадорукоти “Нанҷинг-2023” ва Ассотсиатсияи варзиши сабуки Чин низ ба ин тасмим розӣ шудаанд.
Нанҷинги Чин мебоист соли 2020 мизбони ин чорабинӣ мешуд, аммо бо сабаи пандемия нахуст ба моҳи марти соли 2021 ва сипас ба моҳи марти соли 2023 мавқуф гузошта шуд.
Акнун шаҳри Глазгои Шотландия чемпионати навбатии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толорро 1-3 марти соли 2024 мизбонӣ мекунад. Чорабинӣ соли 2025 дар Нанҷинг баргузор мешавад. Раванди дархост барои чорабинӣ дар соли 2026 идома дорад.
"Мутаассифона, мо маҷбур шудем, ин чорабиниро ба далели вазъияте, ки ба мо вобаста нест, дубора мавқуф гузорем, аммо мо ин корро кардем, то ба варзишгарон ва федератсияҳо, ки ба мавсими соли 2023 омодагӣ мегиранд, итминон диҳем", - гуфт президенти Варзиши сабуки ҷаҳонӣ Себастян Коу.
Ин аввалин чорабинӣ дар Чин нест, ки аз пандемия осеб дидааст. Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022 дар як системаи идоракунии пӯшида баргузор шуд. Чанде пеш Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳангжоу як сол мавқуф гузошта шуд. Бозиҳои соҳилии Осиё-2020 нахуст ба соли 2021 ва баъдан ба вақти номаълум ба таъхир афтод. Бозиҳои осиёии наврасон дар Шантоу-2021 барҳам дода шуда, Ҷоми Осиё оид ба футбол-2023, ки дар Чин ба нақша гирифта шуда буд, дар дигар ҷой доир мегардад. Мизбони навро Конфедератсияи футболи Осиё моҳи октябр интихоб мекунад.