30.08.2022
: 395
Гимнастбозони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ “East Cup Stars Olympic” (“Ҷоми Шарқ – ситораҳои олимпӣ”), ки рӯзҳои 24-25 август дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, як медали тилло, панҷ нуқра ва чор биринҷӣ ба даст оварданд.
Ба иттилои АИ “Азия плюс”, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа тарбиятгирандагони Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №1 оид ба гимнастикаи шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд.
Ҳамаи 10 нафар духтаре, ки дар категорияҳои А, В ва С иштирок доштанд, медал гирифтанд.
Медали тиллои мусобиқаро Ориёно Сафарова ба даст овард. Марям Шукурова, Ясмина Ҳамидова, София Турсунзода, Азиза Нурализода, Елизавета Стрелникова ҷойҳои дуюмро ишғол карданд. Медалҳои биринҷиро Вазира Абдусатторова, Шукрона Саидова, Осия Ворисӣ ва Роҳила Тоҷиддинова сазовор шуданд.
Дар мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз 8 кишвар, аз ҷумла Узбакистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва ғайра ширкат доштанд.
Бо сабаби он ки ҳамаи аъзои дастаи мо соҳиби медал шуданд, ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷоми даставии мусобиқа тақдим шуд.
Дар мусобиқа варзишгаронро сармураббии дастаи мунтахаби гимнастикаи бадеии Тоҷикистон Мижгон Шарифова, мураббиён Албина Гордина ва Чинигул Узбекова ҳамроҳӣ карданд.