29.08.2022
: 386
Рӯзҳои истироҳати гузашта бозиҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол баргузор шуда, ҷуфтҳои нимфинал муайян гардид.
27 август “Файзканд” – “Куктош” дар майдони “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ муқобили ҳам ба майдон омаданд. Бозингари “Файзканд” Обама Арсен аллакай дар дақиқаи 9 ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 34 футболбози тими мизбон Худойдод Узоқов ҳисоби бозиро баробар намуд – 1:1. Худойдод дар нимаи дуюм, дақиқаи 87 боз як гол зада, ғалабаи дастаашро таъмин кард.
28 август се бозии дигар доир гашт. Тими “Эсхата” бар дастаи КМВА бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дастаҳо дар майдони “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ба дидори ҳам расиданд. Голи ягонаро Санҷар Рихсибоев дар аввали нимаи дуюм зад. “Саройкамар”-и Панҷ дар бозии хонагӣ аз тими “Хатлон”-и Бохтар шикаст хурд – 0:1. Ягона голро Тоҳирҷон Тағойзода дар дақиқаи 80-ум зад. Дар бозии охирини даври чорякфинал “Истиқлол” бар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ғалаба кард – 1:0. Голро дар дақиқаи 15 Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонд.
Ҳамин тариқ, дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2022 “Истиқлол” бо “Эсхата” ва “Хатлон” бо “Куктош” вомехуранд.