Бокс дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу соли оянда як мусобиқаи интихобӣ ба Олимпиадаи Париж-2024 хоҳад буд ва аз ҷониби гурӯҳи махсуси таъиншуда аз ҷониби Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) назорат мешавад.
Дар ин бора директори Департаменти бозиҳои осиёии ОСА Ҳайдар Фармон дар нишасти маҷозии Кумитаи варзиши ОСА рӯзи 25 август хабар дод.
Ҳайдар Фармон гуфт: "Ассотсиатсияи байналмилалии бокс аз ҷониби КБО эътироф нашудааст ва мо тасмим гирифтем, ки ҳамин мавқеъро ишғол кунем ва ба ҷои он як гурӯҳи корӣ барои мудирияти варзиши бокс дар Бозиҳои Осиё таъин кунем. Се ҳафта пеш Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) бо мо тамос гирифта, гуфт, ки Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу як мусобиқаи интихобӣ ба Олимпиадаи Париж-2024 хоҳад буд. Ба ин тартиб, КБО вакили фаннии боксро дар Бозиҳои Осиё таъин мекунад ва онҳо марҳилаҳои интихобиро идора мекунанд”.
КБО Ассотсиатсияи байналмилалии боксро (IBA) соли 2019 аз ширкат дар Олимпиадаи соли гузаштаи Токио, ба далели мушкилоти идоракунӣ, молия, доварӣ ва ахлоқ маҳрум кард. Онҳо инчунин изҳор доштанд, ки IBA масъули мусобиқаи бокс дар Олимпиадаи Париж-2024 нахоҳад буд.
Таҷрибаи маъмулӣ дар бозиҳои байналмилалии маҷмӯии варзишӣ, ба мисли Олимпиада ва Бозиҳои Осиё ин аст, ки федератсияи байналмилалӣ ё федератсияи Осиё масъули ин ё он варзиш аст.
Аммо ба далели идома ёфтани мушкилоти марбут ба IBA, КБО тасмим гирифт, ки мустақилона мусобиқоти олимпии боксро идора кунад - ин мавқеъро ҳоло Шӯрои олимпии Осиё мувофиқа мекунад.
Дар ҳамин ҳол, тағйироти дигар ин аст, ки мусобиқаи бокс дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу аз рӯи 13 вазн сурат хоҳад гирифт, вале дар мувофиқа бо Париж-2024 ҳафт мусобиқа байни мардон ва шаш мусобиқа байни занон хоҳад буд. Қаблан 8 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни бонувон буд.