26.08.2022
: 498
Варзишгари тоҷик Нурулло Муродов дар Чемпионати Осиё оид ба таеквондо миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ шуд.
Чемпионати Осиё оид ба таеквондо (ВТ) миёни наврасон, ҷавонон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд, ки 23 август дар шаҳри Ҳошимини Ветнам оғоз гардид, фардо 27 август ба анҷом мерасад.
Аз ҷумҳурии мо ду нафар – Муҳаммадризо Шукуров (-51кг) ва Нурулло Муродов (-59кг) бо роҳбарии мураббӣ Фарҳод Негматов дар сабқатҳо миёни ҷавонон ширкат карданд.
Нурулло дар даври аввал бар варзишгари Муғулистон Билгудей Енхбаатар бо ҳисоби 2:0, дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Алибек Шайкенов бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард, вале дар нимфинал бо 5 огоҳӣ аз намояндаи Тайпейи Чин Гуан Чен мағлуб гардида, ҷои сеюмро гирифт.