18.08.2022
: 461
17-уми август дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия тими ҷудои Тоҷикистон дар сабқати даставӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд. Шумораи медалҳои ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 8 адад расид.
Дар қувваозмоиҳои даставӣ тими ҷудои Тоҷикистон нахуст бо тими ҷудои Узбекистон бояд сабқат мекард, вале ҷудочиёни узбекистонӣ аз рақобат даст кашиданд. Дар чорякфинал ҷудочиёни мо бар дастаи Сенегал ғолиб омаданд, вале дар нимфинал аз тими Озарбойҷон шикаст хурданд. Сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм дастаи Қазоқистонро мағлуб карданд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан дар варзиши сабук варзишгари мо Илдар Аҳмадиев, дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко, дар ҷудо Комроншоҳ Устопириён медали нуқра ва дар гуштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг, Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг, дар ҷудо Шодмон Ризоев дар вазни -81кг ва Абубакри Акобир дар вазни -100кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Бозиҳо имрӯз 18-уми август бо натиҷагирӣ аз мусобиқаҳои каратэ, камонварӣ ва кикбоксинг анҷом меёбад. Варзишгарони мо дар намуди каратэ мусобиқаро идома медиҳанд. Шоми имрӯз бошад, маросими пӯшидашавии бозиҳо доир мегардад.
Пас аз натиҷагирии 9 рӯз дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 303 медал (127 тилло, 97 нуқра, 79 биринҷӣ) гардидаанд. Узбекистон бо 46 медали тилло, 38 нуқра, 56 биринҷӣ (140 медал) дар ҷои дуюм, Эрон бо 38 медали тилло, 41 нуқра, 48 биринҷӣ (127 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Тоҷикистон бо 3 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 29-ум аст.