Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

3 ГУШТИНГИРИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН МИЁНИ ҶАВОНОН ШИРКАТ МЕКУНАНД

05.08.2022

: 471

15-21 август дар шаҳри Софияи Булғористон Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни ҷавонони то 20-сола баргузор мешавад.

Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштинҳо (UWW), барои иштирок дар чемпионат ҳудуди 600 варзишгар аз 53 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумҳурии мо 3 нафар – Мустафо Ахмедов (70кг) дар гуштини тарзи озод, Фирӯз Мирзораҷабов (60кг) ва Шероз Очилов (72кг) дар гуштини юнонӣ-римӣ ба Булғористон сафарбар мегарданд.

Қувваозмоиҳо 15 август бо гуштини тарзи озод оғоз мегардад. Баъдан гуштини занона ва дар се рӯзи охир сабқатҳои гуштини юнонӣ-римӣ доир хоҳад шуд. Дар асоси барномаи чемпионат Мустафо 15-16 август, Фирӯз ва Шероз 20-21 август гуштин мегиранд. Рӯзи аввал марҳилаи интихобӣ ва рӯзи дуюм финал ба нақша гирифта шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни наврасон соли 2019 дар Софияи Булғористон дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ Шероз Очилов дар вазни 65кг медали нуқра ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55кг медали биринҷӣ ба даст овардаанд.