Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ШИРКАТ МЕКУНАНД

02.08.2022

: 522

4-7 август дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нур-Султон Чемпионати Осиё оид ба ҷудо баргузор мешавад.

Дар аввал чемпионат ба нақша гирифта нашуда буд, вале пас аз он ки Бозиҳои Осиё ба таъхир афтод, Иттиҳоди ҷудои Осиё тасмим гирифт, чорабиниро баргузор кунад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар Чемпионати Осиё 180 варзишгар (104 мард, 76 зан) аз 19 кишвари қора ширкат мекунанд. Аз ҷумла Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард:

-60кг - Муҳаммад Маҳмадизода
-66кг - Шаҳбоз Саидаброров
-73кг - Беҳруз Хоҷазода
-81кг - Сомон Маҳмадбеков
-81кг - Шодмон Ризоев
-90кг - Комроншоҳ Устопириён
-90кг - Ҷаҳонгир Маҷидов
-100кг - Абубакри Акобир
+100кг - Темур Раҳимов

Барномаи чемпионат:
4-уми август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00

Занон: -48кг, -52кг, -57кг;
Мардон: -60кг, -66кг

5-уми август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -63кг, -70кг;
Мардон: -73кг, -81кг

6-уми август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -78кг, +78кг;
Мардон: -90кг, -100кг, +100кг

7-уми август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 15:00
Рақобатҳои даставии омехта

Қайд кардан ба маврид аст, ки варзишгарони мо дар чемпионатҳои ҷудои Осиё дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 20 медал – 2 тилло, 8 нуқра, 10 биринҷӣ ба даст овардаанд.

Ҳар ду медали тилло ба Комроншоҳ Устопириён мансуб аст. Ӯ ҳамчунин як медали нуқра ва ду биринҷӣ дорад. Расул Боқиев 1 нуқра, 2 биринҷӣ, Парвиз Собиров 1 нуқра, 1 биринҷӣ, Темур Раҳимов 1 нуқра, 1 биринҷӣ, Алишер Боқиев, Шералӣ Бозоров, Неъматулло Арслонқулов, Сомон Маҳмадбеков яктоӣ медали нуқра, Саидаҳтам Раҳимов, Нурулло Лоиқов, Рауф Ҳукуматов, Саидҷалол Саидов яктоӣ медали биринҷӣ гирифтаанд.