01.08.2022
: 380
Ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе таҳти роҳбарии мураббиён Рустам Қурбонов ва Далер Қаёсов ғолиби мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ» байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон гардид.
Дар Ҷоми «Ҷавонӣ», ки дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд, ҳамаи даҳ дастаи ҷавонони чемпионати Тоҷикистон ширкат карданд.
Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм ҷавонони КМВА-и пойтахт бар дастаи эҳтиётии «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Дар вохӯрии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дастаҳои ҷавонони «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Истиқлол»-и пойтахт бо ҳам нерӯ санҷиданд. Бозӣ бо ҳисоби 3:2 бо пирӯзии дастаи ҷавонони «Истиқлол» анҷом ёфт.
Нимҳимоятгари «Истиқлол»-и Душанбе Паҳлавон Баҳризода беҳтарин бозигари финали мусобиқот дониста шуд. Ғолиби мусобиқа дастаи «Истиқлол» бо маблағи 30 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд. Ба иштирокчии бозии ниҳоӣ – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 20 ҳазор сомонӣ ва ба барандаи медали биринҷӣ - КМВА-и пойтахт 10 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.