Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ГУШТИНГИРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН МИЁНИ НАВРАСОН ШИРКАТ МЕКУНАНД

28.07.2022

: 503

25 июл дар шаҳри Рими Италия Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни наврасони то 17-сола оғоз шуд, ки то 31 июл идома меёбад.

Дар чемпионат 597 варзишгар (419 писар, 178 духтар) аз 54 давлат иштирок мекунанд. Аз ҷумла аз ҷумҳурии мо 2 нафар – Алиризо Баҳромов (71кг) ва Муҳаммадамин Абдуллоев (80кг) дар гуштини тарзи озод ба Италия сафарбар гардиданд.

Қувваозмоиҳо 25 июл бо гуштини юнонӣ-римӣ оғоз гардида, 29 июл бо гуштини тарзи озод идома меёбад ва 31 июл ба анҷом мерасад. Дар асоси барномаи чемпионат Муҳаммадамин 29-30 июл ва Алиризо 30-31 июл гуштин мегиранд. Рӯзи аввал марҳилаи интихобӣ ва рӯзи дуюм финал ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июн дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасони то 17-сола дар Бишкеки Қирғизистон Муҳаммадамин Абдуллоев ва дар Чемпионати Осиё миёни наврасони то 15-сола дар Манамаи Баҳрайн Алиризо Баҳромов сазовори медали нуқра шуда буданд.

Дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба гуштин миёни наврасон Тоҷикистон ҳамагӣ ду медал – 1 нуқра ва 1 биринҷӣ – дорад. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни наврасон соли 2019 дар Софияи Булғористон дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ Шероз Очилов дар вазни 65кг медали нуқра ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55кг медали биринҷӣ ба даст овардаанд.