Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ГУШТИНГИРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ШИРКАТ МЕКУНАНД

02.07.2022

: 520

Аз 2 то 10 июл дар шаҳри Манамаи Баҳрайн Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U15) ва ҷавонон (U20) баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи гуштини Тоҷикистон, ҷумҳурии моро дар чемпионат 5 нафар миёни наврасон ва 3 нафар миёни ҷавонон намояндагӣ мекунанд:

Наврасони то 15-сола
Гуштини тарзи озод
Идрисҷон Баҳромов (48кг)
Алиризо Баҳромов (68кг)

Гуштини юнонӣ-римӣ
Амон Аюбзода (52кг)
Муҳаммад Абдуҳакимзода (62кг)
Исо Нурмаҳмадов (68кг)

Ҷавонони то 20-сола
Гуштини тарзи озод
Саидасан Ашрафхонов (74кг)

Гуштини юнонӣ-римӣ
Фирӯз Мирзораҷабов (60кг)
Шероз Очилов (72кг)

Тибқи низомнома қувваозмоиҳо миёни наврасон 2-4 июл ва миёни ҷавонон 5-10 июл баргузор мешавад.