29.06.2022
: 461
29 июн дар идомаи таҷлили Рӯзи байналмилалии олимпӣ, дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) ҳамчунин конфронс баргузор шуд.
Дар конфронс ноибони Президенти КМОТ Раҳмонзода Абдулло ва Дилшод Назаров, котиби генералии КМОТ Абдуллозода Муҳаммадшо, директори генералии КМОТ Мавзуна Чориева, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, варзишгарон ва роҳбарони мактабҳои варзишӣ иштирок карданд.
Қайд гардид, ки имсол чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон моҳи май оғоз шуд. Дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори ин рӯз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 15 май дар Дави миллӣ ва 4-уми июн дар марафони байналмилалӣ дар ҳошияи Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” саҳм гузошт. 23 июн бошад, дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар чорабиниҳои гуногуни варзишию маърифатӣ доир гаштанд. Аз ҷумла дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт фестивали олимпӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд.
Иштирокчиёни конфронс масъалаҳои омодагии варзишгарон ва тайёрӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро баррасӣ намуданд.
Дар анҷом ба иштирокчиёни конфронс сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим гардид.