29.06.2022
: 486
29 июн дар идомаи таҷлили Рӯзи байналмилалии олимпӣ, дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) Конфронси якуми Ташкилоти ҷамъиятии “Олимпичиёни Тоҷикистон” доир гашт.
Дар ҷаласа 11 нафар иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо иштирок карданд.
Қайд гардид, ки то ин замон Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон дар назди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон фаъолият дошт ва бо тавсияи Ассотсиатсияи ҷаҳонии олимпичиён тасмим гирифта шуд, ки ташкилоти алоҳидаи олимпичиён таъсис дода шавад.
Дар ҷаласа иштирокчиён оиннома ва нишони ташкилотро баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Ҳамчунин, бо ҷонибдории аъзои конфронс директори генералии КМОТ, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева раиси ТҶ “Олимпичиёни Тоҷикистон” ва иштирокчии Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Фарҳод Неъматов котиби генералӣ интихоб шуданд.
Дар асоси оиннома вазифаи “Олимпичиёни Тоҷикистон” муттаҳид кардани иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ, намояндагӣ кардани онҳо ва қонеъ кардани ниёзҳои онҳо дар тӯли ҳаёт ва рушд додани олимпизм мебошад.
Ба олимпичиён сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим шуд.