29.06.2022
: 397
29 июн ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои омодагии ҳайати олимпии Тоҷикистон дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ва 19-ум Бозиҳои Осиё баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло доир гашт, оид ба Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ маълумот дода шуд.
Қайд гардид, ки 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз 9 то 18-уми август дар шаҳри Қунияи Туркия баргузор мешавад. Дар бозиҳо иштироки варзишгарон аз 57 давлати узви Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ дар назар аст. Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш - варзиши сабук, камонварӣ, баскетбол, бочча, велосипедронӣ, шамшербозӣ, футбол, гимнастика, ҳендбол, ҷудо, каратэ, кикбоксинг, тирпаронии варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, волейбол, вазнбардорӣ, гуштини варзишӣ, камонварии анъанавӣ ворид гардидааст. Ҳамчунин варзишгарони имконияташон маҳдуд дар 4 намуди варзиш – варзиши сабук, камонварӣ, тенниси рӯи миз ва шиноварӣ имкони иштирокро доранд.
Маълумот дода шуд, ки КМОТ 163 нафарро аз ҳисоби варзишгарон, мураббиён ва намояндагони расмӣ номнавис кардааст, вале ҳайати ниҳоӣ дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои варзишӣ то 5-уми июл муайян мегардад.
Бо қарори дигари Кумитаи иҷроияи КМОТ директори генералии КМОТ Мавзуна Чориева роҳбари ҳайати олимпии Тоҷикистон дар 19-ум Бозиҳои Осиё интихоб шуд. 19-ум Бозиҳои Осиё қарор буд, моҳи сентябри ҳамин сол дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор шавад, вале бо сабаби вазъи эпидемиологӣ дар Чин Шӯрои олимпии Осиё бозиҳоро як сол мавқуф гузошт.
Дар ҷаласа масъалаҳои дигари корӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.