29.06.2022
: 433
Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 25-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ 28 июн дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе оид ба гӯштингирӣ баргузор шуд.
Ба иттилои “varzish.tj”, дар мусобиқа варзишгарон дар ҳайати 8 даста - Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, Душанбе, ШНТМ, ВМКБ, Рашт ва дастаи Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон дар панҷ вазн (65кг, 75кг, 85кг, 95кг ва +95кг) миёни мардон ва як вазн (60 кг) миёни бонувон нерӯ санҷиданд.
Миёни бонувон Ҷонона Назарова аз дастаи Хатлон-2 ғолиб гардид. Ӯ дар финал Фазилат Гулбоеваро шикат дод. Аҳлия Муъминова ва Руҳафзун Бекназарова соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Дар вазни -65кг миёни мардон ба финали мусобиқаи Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе оид ба гӯштингирӣ Мулораҷаб Халифаев ва Эмомалии Нуралӣ роҳ ёфта, пас аз се дақиқаи нерусанҷӣ Мулораҷаб, ки минтақаи Раштро муаррифӣ мекард, ҳарифро ба тахтапушт зада, ғолиби ин вазн шуд. Абдуллои Ориф ва Баҳром Сӯфиев ба гирифтани медалҳои бириниҷӣ даст ёфтанд.
Дар финали вазни -75кг бошад, ду варзишгари дастаи Душанбе Масъуди Аҳмадзод ва Ҳайдари Саидкабирзода бо ҳам нерӯ санҷиданд. Рақобати ин ду гӯштингир аз рақобатҳои тӯлонитарин ва ҷаззоби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ маҳсуб мешуд ва ҳатто чанд маротиб барои муайян кардани ғолиб доварон бо ҳам машварат карданд. Шоҳҷоиза ва нишони тиллои ин вазн насиби Масъуди Аҳмадзод гардид. Тошев Муҳаммадиқбол ва Муҳаммадраҳим Сарахонов нишонҳои биринҷӣ гирифтанд.
Дар вазни -85кг Ҳақназар Назаров аз ноҳияи Ҳисор ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода то ба даври ниҳоӣ омаданд. Дар ин нерӯсанҷӣ аввал бартарият ҷониби Ҳақназар буд, лек дар сонияҳои охир Муҳаммадҷон бо як партофти зебо имтиёз кор кард ва рақобатро ба нафъи хеш анҷом дод. Муҷиб Меҳробҷонзода ва Ҳамроз Раҷабов аз дастаи вилояти Суғд нишонҳои биринҷиро соҳиб шуданд.
Дар вазни -95 килограм ду варзишгари номии кишвар Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар финал бо ҳам нерӯ санҷиданд. Ҷаҳонгир ғолиб шуду шоҳҷоиза ва нишони заррини мусобиқаи ҷумҳуриявиро соҳиб шуд. Мақсадулло Зоидов ва Ҷамшед Ҳомидов нишонҳои биринҷиро ба даст оварданд.
Ниҳоят, дар вазни +95кг паҳлавони номовари кишвар Темур Раҳимов бо Шарифҷон Назриев барои шоҳҷоиза рӯи татамӣ даст ба гиребон шуданд. Дар катмар аз як дақиқа мондани рақобат Шарифҷон Назриев аз китф осеб дид ва натавонист рақобатро идома бидиҳад ва ғолибият насиби Темур Раҳимов гардид. Дадахон Қурбоналиев ва Бобоҷон Бобоев нишонҳои биринҷиро соҳиб шуданд.