Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶОМИ AFC: КМВА БО “ОЛТИН-АСИР”-И ТУРКМАНИСТОН МУСОВӢ БОЗӢ КАРД

ҶОМИ AFC: КМВА БО “ОЛТИН-АСИР”-И ТУРКМАНИСТОН МУСОВӢ БОЗӢ КАРД ҶОМИ AFC: КМВА БО “ОЛТИН-АСИР”-И ТУРКМАНИСТОН МУСОВӢ БОЗӢ КАРД ҶОМИ AFC: КМВА БО “ОЛТИН-АСИР”-И ТУРКМАНИСТОН МУСОВӢ БОЗӢ КАРД

25.06.2022

: 333

Дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022, барандаи медали биринҷии Чемпионати Тоҷикистон - Клуби марказии варзиши артиш (КМВА) бо чемпиони Туркманистон “Олтин Асир”-и Ашқобод мусовӣ (1:1) бозӣ кард.

Ҳар ду голро дар ин бозӣ футболбозони дастаи артиш ба самар расониданд. Дар дақиқаи 85-ум ҳамлагари КМВА Элчибек Рашидбеков нохоста тӯбро вориди дарвозаи дастааш кард. Дар дақиқаи 90+3-юм Абдулло Шарифов КМВА-ро аз бохт наҷот дод.

Дар бозии дигари гурӯҳи “Е”, тими “Суғдиёна”-и Узбекистон, бар дастаи “Нефтчӣ”-и Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳар ду голро легионерҳои сербии «Суғдиёна» Лука Чермел ва Марко Колакович заданд.

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 даргурӯҳи “Е” КМВА-и Душанбе рӯзи 27-уми июн бо тими “Суғдиёна” бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 22:00 оғоз мешавад.