Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН-2022 ОИД БА ФУТЗАЛ ОҒОЗ ЁФТ

31.05.2022

: 325

Рӯзҳои истироҳатии гузашта мусобиқаи Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал оғоз шуд, ки дар он ҳашт даста ширкат мекунанд.

Дар бозии марказии даври аввал дастаҳои «Сипар»-и Хуҷанд ва «Соро компания»-и Душанбе мусовӣ бозӣ карданд – 1:1. Ба голи задаи Парвиз Раҳматов душанбегиҳо бо зарбаи дақиқи легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадзода посух доданд.

Дар вохӯрии дигар голи бозигари тими миллии футзали Қирғизистон Айдар Абдуҷалил уулу ғалабаи «Истиқлол»-ро бар «Истаравшан» таъмин сохт – 1:0.

Бошгоҳи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бар барандаи медали биринҷии мавсими гузашта - тими «Пойтахт» бо ҳисоби 8:5 ғалаба кард. Дастаи нави Суперлига КМВА-и пойтахт бошад, дар меҳмонӣ бар «Самандар»-и Турсунзода бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуд.