31.05.2022
: 481
Сайри ҷаҳонии ҷудо пас аз 2 моҳи танаффус бо “Tbilisi Grand Slam 2022” идома меёбад.
Мусобиқаи байналмилалӣ бо иштироки 285 варзишгар (178 мард, 107 зан) аз 38 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, 3-5 июн баргузор мешавад. Аз ҷумҳурии мо барои ширкат дар ин мусобиқа 9 нафар миёни мардон сабти ном шудаанд:
-66кг – Эмомалӣ НУРАЛӢ
-66кг – Шаҳбоз САИДАБРОРОВ
-73кг – Муҳаммадшариф НАҶМУДДИНОВ
-73кг – Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ
-81кг – Шодмон РИЗОЕВ
-81кг – Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛОВ
-90кг – Кароматулло ҲАКИМОВ
-100кг – Мансур РАҲМОН
-100кг – Абубакри АКОБИР
Қувваозмоиҳои вазни -66кг 3-юми июн, вазнҳои -73кг, -81кг 4-уми июн ва вазнҳои -90кг, -100кг 5-уми июн доир хоҳанд шуд. Дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн миёни писарон, 7 вазн миёни духтарон) ба ғолибон ба ҷуз медал ҷоизапулӣ дода мешавад. Барои ҷои аввал 5000 евро, ҷои дуюм - 3000 ва ҷои сеюм 1500 евро пешбинӣ шудааст.
Ин панҷум мусобиқа аз сайри ҷаҳонии ҷудо - 2022 мебошад, ки доир мегардад. Варзишгарони мо дар чор мусобиқаи гузашта 3 медал ба даст оварданд. Комроншоҳ Устопириён дар Гран Прии Португал (28-30 январ) дар вазни -90кг, Темур Раҳимов дар Гранд Слами Тел Авив (17-19 феврал) ва Гранд Слами Анталия (1-3 апрел) сазовори медали биринҷӣ шуда буданд.
Муҳлати системаи интихобии олимпии Париж-2024 дар намуди ҷудо 26 июн оғоз мегардад. Аллакай варзишгарон дар мусобиқаи оянда – Гранд Слами Уланбатор (24-26 июн) ба ҷамъоварии холҳои олимпӣ шуруъ мекунанд.