30.05.2022
: 541
Дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Ҳадафҳои рушди устувор 4 ва 9 июн ду марафони дав баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Котиботи Конфронси дуюми оби Душанбе хабар додааст.
Баргузории марафони дав барои ширкаткунандагони конфронс фурсати хубе хоҳад буд, то ҷузъи як маъракаи ҷаҳонӣ бошанд ва дар дав ширкат намоянд.
Иштирокчиён метавонанд марафони пурра (42,2 км) ё масофаи рамзии 6 км-ро бахшида ба Ҳадафҳои рушди устувор-6 тай намоянд. Марафон ба масофаи 42,2 километр 4 июн, соати 3:00 аз назди меҳмонхонаи «Сароб» дар Хоҷа Обигарм ва қисми рамзии масофаи 6 километр аз дарвозаи шимолии боғи нави «Истиқлол»- пойтахт соати 09:00 (кӯчаи Саид Носиров, 27) оғоз меёбад. Иштирокчиён метавонанд ба марафон ҳам аз аввал — соати 03:00 ва ҳам ба масофаи охирини 6 километр — соати 09:00 хамроҳ шаванд. Ин марафон дар назди шаршараи бузурги боғи Наврӯзгоҳ ба анҷом мерасад.
Марафони 9 июн соати 05:00 дар Душанбе дар назди меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» шуруъ гардида, баъди тай кардани 42,2 километр масофа ба самти Ваҳдат (минтақаи Ромит) хотима меёбад.
Натиҷаи марафонҳо дар Конфронси дуюми Душанбе ва инчунин Конфронси СММ оид ба захираҳои об моҳи марти соли 2023 муаррифӣ хоҳад шуд.
Тавре маълум аст, марафони ҷаҳонии об “RUN BLUE” 22 март дар Рӯзи байналмилалии об дар Австралия оғоз ёфт. “RUN BLUE” 200 марафонро дар саросари ҷаҳон дар бар мегирад, ки беш аз 200 миллион нафарро ҷалб мекунад ва 22 марти соли 2023 қабл аз Конфронси СММ дар Ню-Йорк ба охир мерасад.
Ҳадаф аз баргузории марафонҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи рӯзафзуни об, саъю кӯшиш барои ноил шудан ба тағйироти воқеӣ дар замин ва пешбурди Даҳсолаи байналмилалии амал ва Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023 мебошад.
Марафонҳо аз ҷониби фаъол ва даванди Австралия Мино Гулӣ созмон дода шуда, аз ҷониби бисёр шарикон, аз ҷумла ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамчун ҳамраиси конфронс дастгирӣ мешавад. Бахши Осиёи Марказии “RUN BLUE” 10 май дар шаҳри Мӯйноқи Ҷумҳурии Узбекистон оғоз шуда, 10 июн дар Душанбе – пойтахти Тоҷикистон ба охир мерасад. Дар Тоҷикистон 11 марафон ба дарозии 458,2 километр дар соҳили дарёи Омӯ ва шохобҳои он, дар ҷойҳое, ки шароити ҷуғрофиаш душвор аст, ба нақша гирифта шудааст.
Аллакай, Мино Гулӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш 8 марафони давро анҷом доданд. 16 май марафони аввали шаҳрванди Австралия дар Тоҷикистон дар самти Панҷакент – Айнӣ – Душанбе, дар масофаи 42,2 километр оғоз гардида, 18 май марафони дуюми давро ба масофаи 42,2 километр дар масири Шаҳритус - Носири Хисрав, 20-уми май марафони сеюми давро ба масофаи 42,2 км дар масири Фархор-Ҳамадонӣ, 22 май марафони чорумашро ба масофаи 42,2 километр дар масири ноҳияи Шамсиддин Шоҳин – Зиғар, 24 май дар масири деҳаи Зиғар – маркази ноҳияи Дарвоз (42,2км), 26 май дар ноҳияи Ванҷ, қад-қади дарёи Ванҷ (42,2км), 27 май дар самти Ванҷ – Рӯшон (42,2км) ва 30 май дар самти Душанбе-Лахш (42,2) анҷом дод.
Мино Гулӣ ва ҳамроҳонаш дар ин муддат аз мавзеъҳои сайёҳии Саразм, Чилучорчашма, Бешаи Палангон, обанбори Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ ва шаҳри Хоруғ дидан карданд.
Дар сурати мусоид будани ҳаво боздиди Мино Гулӣ ва ҳамроҳонаш аз кӯли Сарез ва пиряхи Федченко дар назар аст.