26.05.2022
: 460
Шаҳрванди Австралия Мина Гули дар идомаи марафони даваш дар Тоҷикистон боз ду марафони дигарро 24 май дар масири деҳаи Зиғар – маркази ноҳияи Дарвоз (42,2км) ва 26 май дар ноҳияи Ванҷ, қад-қади дарёи Ванҷ (42,2км) анҷом дод.
Ёдовар мешавем, ки марафони дав бо иштироки Мина Гули бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Муҳлати марафони дав, ки 15 май шуруъ гардид, то 10 июн идома меёбад. Дар ин муддат Мина Гули дар 11 марафони дав 458,2 километрро тай карда, аз захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Норак” ва маконҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан ва дар Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (6-8 июн) ширкат мекунад.
16 май марафони аввали шаҳрванди Австралия дар Тоҷикистон дар самти Панҷакент – Айнӣ – Душанбе, дар масофаи 42 километр оғоз гардида, 18 май марафони дуюми давро ба масофаи 42,2 километр дар масири Шаҳритус - Носири Хисрав, 20-уми май марафони сеюми давро ба масофаи 42,2 км дар масири Фархор-Ҳамадонӣ ва 22 май марафони чорумашро ба масофаи 42,2 километр дар масири ноҳияи Шамсиддин Шоҳин – Зиғар, қад-қади дарёи Панҷ баргузор кард.
Мина Гули ва ҳамроҳонаш дар ин муддат аз мавзеъҳои сайёҳии Саразм, Чилучорчашма, Бешаи Палангон ва обанбори Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ дидан карданд.