Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА КАМОНВАРӢ ҶАМЪБАСТ ШУД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА КАМОНВАРӢ ҶАМЪБАСТ ШУД ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА КАМОНВАРӢ ҶАМЪБАСТ ШУД ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА КАМОНВАРӢ ҶАМЪБАСТ ШУД

19.05.2022

: 373

17-19 май дар Наврӯзгоҳи пойтахт Чемпионати Тоҷикистон оид ба камонварӣ миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор шуд.

Ба иттилои котиби мусобиқа Майрам Кантаева, дар чемпионат 28 нафар аз Душанбе (2 даста) ва Суғд (2 даста) иштирок карда, дар ду масофа 60 метр (наврасон) ва 70 метр (ҷавонону калонсолон) сабқат намуданд.

Миёни духтарони то 17-сола дар масофаи 60 метр Заронаи Фирӯз аз тими Душанбе-1 ғолиб шуд. Ҷойҳои дуюму сеюмро намояндагони дастаи Суғд-2 Мадина Ҷӯраева ва Муслима Абдуллоева сазовор шуданд. Дар ҳамин синну сол миёни писарон ҳар се ҷои ифтихориро варзишгарони дастаи Суғд-2 ба даст оварданд: Абдумалик Ғаниев ҷои якум, Исломҷон Салимов ҷои дуюм, Салимҷон Салимов ҷои сеюм.

Дар сабқати ҷуфти омехта миёни наврасон дар масофаи 60 метр Мадина Ҷӯраева / Абдумалик Ғаниев (Суғд-2) мақоми аввалро гирифтанд. Ҷои дуюм насиби ҷуфти Заронаи Фирӯз / Билол Раҳимӣ (Душанбе-1), ҷои сеюм насиби ҷуфти Азиза Юсупова / Исломҷон Салимов (Суғд-2) гардид.

Миёни ҷавондухтарони то 20-сола дар масофаи 70 метр Дилноза Аҳмадова аз дастаи Душанбе-1 пирӯз шуд. Ҷои дуюмро Азиза Кантаева ва мақоми сеюмро Карина Олейникова ҳар ду аз тими Душанбе-2 соҳиб гардиданд. Миёни писарон дар ин синну сол Абубакр Тураев аз дастаи Душанбе-2 ҷои аввалро ишғол кард. Иброҳим Азаматов аз тими Суғд-1 дуюм ва Сафарбек Маҳмадуллозода аз дастаи Душанбе-1 сеюм шуданд.

Дар сабқати бонувон (аз 20-сола боло) дар масофаи 70 метр Фирӯза Зубайдова аз тими Душанбе-1 ғолиб шуд. Ҷои дуюмро Мавзуна Азимова (Суғд-1), ҷои сеюмро Мадина Раҷабова (Душанбе-2) ба даст оварданд. Миёни мардҳо мақоми аввалро Абдуғаффор Рустамов (Суғд-2), ҷои дуюмро Умед Раҳмонов (Душанбе-1), ҷои сеюмро Шуҳрат Муҳамадиев (Душанбе-2) сазовор гардиданд.

Дар сабқати ҷуфти омехта миёни калонсолон Фирӯза Зубайдова / Умед Раҳмонов (Душанбе-1) сазовори ҷои аввал шуданд. Ҷуфти Мавзуна Азимова / Абдуғаффор Рустамов (Суғд-2) ҷои дуюм, ҷуфти Мадина Раҷабова / Шуҳрат Муҳамадиев (Душанбе-2) ҷои сеюмро гирифтанд.