Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОКС: МЕДАЛИ НУҚРАИ МУҲАММАД ДАР ҚАЗОҚИСТОН

19.05.2022

: 322

Варзишгари тоҷик Муҳаммад Аброриддинов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Сагадат Нурмагамбетов дар Алмаато медали нуқра ба даст овард.

Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони кишвари мизбон, муштзанҳо аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок карданд.

Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92кг дар финал аз варзишгари мизбон Дамир Тойбай мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Мусобиқа тибқи қоидаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии бокс аз рӯи 13 вазн миёни мардҳо сурат гирифта, Қазоқистон 44 медал (10 тилло, 10 нуқра, 24 биринҷӣ), Узбекистон 5 медал (3-1-1), Қирғизистон - 2 медал (0-1-1) ва Тоҷикистон - 1 медал (0-1-0) ба даст оварданд.