Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: АВВАЛИН ПИРӮЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” ДАР МАВСИМИ НАВ

19.05.2022

: 102

18-уми май чор бозии даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гардид.

Тими “Истиқлол”-и Душанбе аввалин пирӯзиашро дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 ба даст овард. Дар даври ҳаштум душанбегиҳо дар бозии хонагӣ бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд. Голҳои тими “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров, Шервонӣ Мабатшоев ва голи дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро Фатҳулло Фатҳуллоев заданд.

Пешсафи чемпионат – тими “Хатлон”-и Бохтар дар майдони худ дастаи “Равшан”-и Зафарободро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. Голи пирӯзиовар дар дақиқаи 57-ум аз ҷониби Нуриддин Ҳамроқулов зада шуд.

Дербии Суғд миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Истаравшан” бо натиҷаи минималии 1:0 ба фоидаи хуҷандиҳо анҷом ёфт. Голи ягонаро Фирдавс Чақалов ба номаш сабт кард.

Дар бозӣ миёни дастаҳои КМВА – “Файзканд” ғолиб муайян нашуд. Вохурии дастаҳои мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт. Ҳар чор гол дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд. Бозингарони тими Восеъ Доробҷон Эргашев дар дақиқаи 63, Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 72 ду гол зада, дастаашонро ба пеш бароварданд, аммо тими артиш дар дақиқаҳои охир тавонист ду гол зада, аз бохт наҷот ёбад. Голҳои КМВА-ро Хуршед Абдуллоев ва Наврӯз Рустамов заданд.

Як бозии дигари даври ҳаштум рӯзи 22 май миёни дастаҳои “Эсхата” - “Равшан”-и Кӯлоб баргузор мешавад.