02.11.2021
: 701
Тими олимпии Тоҷикистон (U-23), ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” ҷои дуюмро ишғол кард, ба марҳилаи финалӣ роҳ ёфт.
Марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 бо иштироки 16 дастаи беҳтарини марҳилаи интихобӣ соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад.
Дастаҳои футболи ҷавонони то 23-солаи қораи Осиё дар марҳилаи интихобӣ дар 11 гурӯҳ бозӣ карданд. Тибқи низомнома ғолибони гурӯҳҳо ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо имкони иштирок дар марҳилаи финалиро пайдо намуданд.
Тими олимпии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии гурӯҳи “В”, ки 25-31 октябр дар Душанбе доир гашт, бар дастаҳои Лубнон (1:0) ва Непал (6:0) ғалаба карда, аз дастаи Эрон (2:3) шикаст хурд ва ҷои дуюмро сазовор гардид.
Ҳамин тариқ, Узбекистон ба ҳайси мизбон, дастаҳои олимпии Қатар (гурӯҳи “А”), Эрон (“В”), Ироқ (“С”), Кувайт (“D”), АМА (“Е”), Урдун (“F”), Австралия (“G”), Кореяи Ҷанубӣ (“Н”), Ветнам (“I”), Малайзия (“J”), Ҷопон (“К”) аз ҷои аввали гурӯҳҳо, дастаҳои Тайланд (“J”), Арабистони Саудӣ (“D”), Турманистон (“F”) ва Тоҷикистон (“В”) аз ҷои дуюми гурӯҳҳо ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022-ро пайдо карданд.