Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПИРӮЗИИ ШАББОС ДАР ДАВРИ АВВАЛИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

27.10.2021

: 690

Варзишгари маъруфи кишвар, иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Шаббос Негматуллоев дар даври аввали қувваозмоиҳои вазни -80кг-и Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс бар намояндаи Олмон Силвио Сшерле пирӯз шуд.

Муҳорибаи Шаббос бо ҳарифаш шаби 26 октябр баргузор гардид ва боксчии мо бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Белгради Сербия 24 октябр оғоз шуд ва то 6 ноябр идома меёбад. Аз ҷумҳурии мо 8 нафар дар ин мусобиқа ширкат доранд.

Ҳамин тариқ, Шаббос Негматуллоев дар даври дуюм 30 октябр бо Самуел Камара аз Сера Леон муҳориба мекунад. Самуел дар даври аввал озод буд.

Фардо - 28 октябр бошад, дар вазни 57кг Хусравхон Раҳимов бо Йилмар Гонзалез (Колумбия), дар вазни 67кг Саидикром Амонов бо Мартин Скогейм (Норвегия) ва дар вазни +92кг Ҷаҳон Қурбонов бо Элли Очола (Кения) сабқат менамоянд.

29 октябр шоҳиди маҳорати Абдураҳмон Ёқубов дар вазни 60кг бо ғолиби ҷуфти Мизан Айкол (Туркия) / Роланд Верес (Нидерланд) ва Парвиз Каримов дар вазни 92кг бо Ҷамар Телей (ШМА) хоҳем шуд.

30 октябр аввалин қувваозмоиҳояшонро Баҳодур Усмонов бо Илия Шакиров (Россия) дар вазни 63.5кг ва Абдумалик Болтаев бо Сумит (Ҳиндустон) дар вазни 75кг анҷом медиҳанд.

Дар чнмпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд ва онҳо дар 13 вазн рақобат хоҳанд кард, ки дар таърихи чорабинӣ беназир аст.

Ҳамчунин бори аввал ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешанд.