06.10.2021
: 693
3-5 октябри соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе 8-ум Мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар мусобиқа 133 варзишгар аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия ва Беларус ширкат карда, дар 4 вазн (-66кг, -81кг, -90кг, +90кг) қувваозмоӣ намуданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони 8-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо:
-66кг
1. Дилшодбек ЮЛДОШЕВ (UZB)
2. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА (TJK)
3. Ориф ДОДОВ (TJK)
3. Абубакр БОҚИЕВ (TJK)
-81кг
1. Умар РАСУЛОВ (TJK)
2. Раҳматулло ФАРҲОДОВ (TJK)
3. Шодмон РИЗОЕВ (RUS)
3. Хусрав АЛАМОВ (TJK)
-90кг
1. Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (TJK)
2. Шермуҳаммад ҶАНДРЕЕВ (UZB)
3. Исроил РАҲИМОВ (TJK)
3. Достон МЕЙЛИЕВ (UZB)
+90кг
1. Темур РАҲИМОВ (TJK)
2. Антон БРАЧЕВ (RUS)
3. Бекмурод ОЛТИБОЕВ (UZB)
3. Шоҳруххон БАХТИЁРОВ (UZB)
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо мукофотпулӣ қадр карда шуданд. Ба ғолибони мусобиқа 30 000 сомонӣ, ҳамчунин ҷом, ба барандагони медали нуқра 10 000 сомонӣ ва ба барандагони медали биринҷӣ 5000 сомонӣ супорида шуд.
Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо бори аввал соли 2013 дар ду вазн (-81кг, вазни мутлақ), солҳои 2014, 2015, 2016, 2017 дар вазни мутлақ доир гардида буд. Солҳои 2018 ва 2019 рақобатҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 7 вазн миёни мардҳо сурат гирифта буд. Соли гузашта чорабинӣ бо сабаби пандемияи коронавирус баргузор нашуд.