26.08.2021
: 953
Бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 24-25 август доир гардиданд.
Дар ин давр “Истиқлол” ғалабаи навбатиашро ҷашн гирифт. Ин даста ба дарвозаи тими “Душанбе” 5 голи беҷавоб зад - Алишер Ҷалилов ду гол, Манучеҳр Сафаров, Манучеҳр Ҷалилов ва Ваҳдат Ханонов якголӣ.
Дастаи “Хуҷанд”, ки дар ду бозии охираш ноком шуд, ин бор бар дастаи “Хатлон” пирӯз гардид – 2:0. Дилшод Бозоров дар дақиқаи 10 ҳисобро кушод, Кароматулло Саидов дар дақиқаи 40 голи дуюмро зад.
Дар бозии дигар “Эсхата” дар майдони худ аз тими КМВА бо ҳисоби 1:2 шикаст хурд. Ҳар се гол дар нимаи дуюм зада шуд. Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 62, Муҳсинҷон Абдуғаффоров дар дақиқаи 77 ба нафъи тими артиш ду гол заданд. Голи “Эсхата”-ро Акобир Тураев дар дақиқаҳои иловагӣ (90+4) ба номаш навишт.
Ду бозии дигар миёни дастаҳои “Истаравшан” – “Куктош” (2:2) ва “Файзканд” – “Равшан” (0:0) мусовӣ анҷом ёфт.
Бозиҳои даври ҳаждаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 28-29 август баргузор мешаванд. 28 август «Хатлон» бо «Эсхата», «Душанбе» бо «Хуҷанд», 29 август «Истиқлол» бо «Куктош», «Равшан» бо «Истаравшан» ва КМВА бо «Файзканд» вомехуранд.
ҶОЙ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
1 | "Истиқлол" (Душанбе) | 15 | 11 | 3 | 1 | 43-46 | 36 |
2 | "Хуҷанд" (Хуҷанд) | 16 | 10 | 2 | 4 | 32-17 | 32 |
3 | "Истаравшан" (Истаравшан) | 17 | 7 | 5 | 5 | 20-17 | 26 |
4 | "Эсхата" (Хуҷанд) | 17 | 7 | 3 | 7 | 26-30 | 24 |
5 | КМВА (Душанбе) | 17 | 5 | 6 | 6 | 21-23 | 21 |
6 | "Равшан" (Кӯлоб) | 16 | 4 | 8 | 4 | 16-16 | 20 |
7 | "Хатлон" (Бохтар) | 17 | 5 | 5 | 7 | 17-24 | 20 |
8 | "Файзканд" (Восеъ) | 17 | 4 | 5 | 8 | 13-23 | 17 |
9 | "Душанбе" (Душанбе) | 17 | 3 | 6 | 8 | 18-36 | 15 |
10 | "Куктош" (Рӯдакӣ) | 17 | 3 | 5 | 9 | 21-35 | 14 |