02.07.2021
: 855
Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 иштирок мекунанд.
Онҳо тавассути саҳмияи универсалии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ имкони иштирок дар Олимпиадаи Токиоро, дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр, тарзи озод пайдо намуданд.
Тибқи муқаррароти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ, ба кумитаҳои миллии олимпие, ки варзишгарони дараҷаҳои “А” ва “В” миёни мардон ва занон надоранд, иҷозат дода мешавад, ки дар яке аз мусобиқаи варзишӣ беҳтарин варзишгари мард ва занро пешниҳод намоянд.
Тибқи радабандии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ аз кишвари мо миёни бонувон Анастасия Тюрина бо 492 хол ва миёни мардҳо Олимҷон Ишанов бо 336 хол мавқеи беҳтарро доранд. Онҳо, ҳамчунин дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ соли 2019 дар Корея ширкат карда буданд, ки талаботи дигари баҳравар шудан аз саҳмияи универсалӣ аст.
Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 низ ширкат карда буданд. Анастасия Тюрина, ҳамчунин иштирокчии 3-юм Бозиҳои олимпии наврасон мебошад, ки соли 2018 дар Буэнос Айрес доир шуда буд.
Ҳамин тариқ, ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 10 нафар расид: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев (ҳар ду бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо) ва Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ).
Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо таъхири яксола аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад.