Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: “ЭСХАТА” БА ҶОИ АВВАЛ БАРОМАД

22.06.2021

: 719

20-21 июн бо баргузор шудани бозиҳои даври даҳум марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ оғоз ёфт.

Дастаи нави лигаи олӣ “Эсхата”-и Хуҷанд дар ин давр бар тими “Душанбе” ғалаба карда (3:1), ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. Дар дақиқаи 21 Даниел Тэгу аз тими “Душанбе” ҳисобро боз кард. Вале ҳамдастааш Фарҳод Қосимов ба дарвозаи тими худашон гол зада, ҳисобро баробар намуд. Баъд аз ин футболбозони пойтах ба худ наомаданд ва мизбонон ду голи дигар заданд. Ин корро Боҳирҷон Сангинбоев дар дақиқаи 48 ва Парвиз Алиев дар дақиқаи 94 иҷро карданд.

Дар бозии дигар “Хатлон” бар “Файзканд” пирӯз шуд – 2:1. Голҳои тими Бохтарро Сунатулло Исмоилов, Нуриддин Ҳамроқулов, голи дастаи Восеъро Маҳмадалӣ Содиқов ба номашон сабт карданд.

Дар бозии марказии давр “Истиқлол” тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд. Ҳар панҷ голро бозингарони “Истиқлол” заданд – 4 тӯб ба дарвозаи ҳариф тавассути зарбаҳои нишонраси Рустам Соиров, Муҳаммадҷон Раҳимов, Манучеҳр Ҷалилов, Рёта Нома, як тӯб ба дарвозаи худ – Алексей Ларин.

Дар ду бозии дигар “Равшан” бар “Куктош”, “Истаравшан” бар КМВА бо ҳисоби якхелаи 2:1 ғалаба карданд.

Ҳамин тариқ, бо натиҷагирӣ аз 10 даври бозиҳо тими “Эсхата” бо 17 хол ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. “Хуҷанд” бо як хол камтар дар ҷои дуюм, “Хатлон” бо 15 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

26-27 июн бозиҳои даври ёздаҳум баргузор мешаванд. Рӯзи аввал КМВА бо “Куктош”, “Хатлон” бо “Истаравшан”, рӯзи дуюм “Душанбе” бо “Файзканд”, “Хуҷанд” бо “Эсхата” ва “Равшан” бо “Истиқлол” вомехуранд.

Б

Ғ

М

Б

Голҳо

+/-

Х

1

“Эсхата” (Хуҷанд)

10    

5     

2     

3     

19-15     

+4     

17     

2

“Хуҷанд” (Хуҷанд)

9

5

1

3

18-12

+6

16

3

“Хатлон” (Бохтар)

9

4

3

2

11-18

-7

15

4

“Равшан” (Кӯлоб)

9

3

3

3

12-12

0

12

5

“Истаравшан” (Истаравшан)    

9

3

3

3

10-10

0

12

6

“Файзканд” (Восеъ)

9

3

3

3

9-9

0

12

7

“Куктош” (Рӯдакӣ)

10

3

2

5

11-18

-7

11

8

“Истиқлол” (Душанбе)

4

3

1

0

8-2

+6

10

9

“Душанбе” (Душанбе)

9

2

3

4

14-19

-5

9

10    

КМВА (Душанбе)

10

1

3

6

10-17

-7

6