Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТОКИО-2020 СУФАИ ИФТИХОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПИРО МУАРРИФӢ КАРД

03.06.2021

: 844

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 суфаи маросими супурдани медалҳоро барои Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии батаъхирафтода муаррифӣ намуд.

Он аз пластмасса сохта шуда, бо ранги хокистарии тира, бо ҳалқаҳои олимпӣ ва рамзи паралимпӣ дар ранги сафед ороиш ёфтааст.

Дизайнер Токоло Асао, ки инчунин рамзҳои “Токио-2020”-ро офаридааст, гуфт: "Суфаи ифтихорӣ аз пластмасса бо коркарди дубора сохта шуд, ки шояд ба партовгоҳ табдил меёфт”.

Кумитаи тадорукоти “Токио-2020” барои ҷамъ овардани ашёҳои пластикии истифодашуда акси эълон карда буд ва дар ҷараёни чорабинӣ ҳудуди 24,5 тонна маводи такрорӣ ҷамъ оварда шуд.

Сар карда аз Бозиҳои олимпии Мюнхен-1972 суфаи ифтихор ҷузъи муҳими Бозиҳои олимпӣ ҳисобида мешавад. Он бори аввал соли 1932 дар Олимпиадаи зимистонаи Лейк Плэсид истифода шуда буд.

Платформаҳои аввал тарҳрезии оддӣ доштанд. Дар Бозиҳои олимпии Токио соли 1964 ҳалқаҳои олимпӣ бо ранги сафед ва рақамҳои як, ду ва се бо ранги сиёҳ нишон дода шуданд, ки тилло, нуқра ва биринҷиро инъикос мекунанд.