Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс бори аввал дар таърихи ин чорабинӣ аз AIBA мукофотпулӣ мегиранд.
Фонди ҷоизавии Чемпионати Осиё-2021 400 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва он ба ғолибон, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ дар ҳар як вазн тақдим карда мешавад.
Барои варзишгароне, ки дар вазни худ (ҳам мардон, ҳам бонувон) ҷойи аввалро мегиранд, мукофот 10 000 доллари ИМА мебошад. Барои ҷои дуюм ҷоизаи пулӣ 5000 доллари ИМА ва барои ду ҷои сеюм, ҳар кадом 2500 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
“Мо стратегияи дар аввал ба нақша гирифташударо иҷро мекунем. Боксчиён бояд барои меҳнати пурмашаққаташон мукофот гиранд. Маблағ на танҳо варзишгаронро ҳавасманд мекунад, балки пойдории молиявии онҳо ва оилаҳояшонро низ таъмин менамояд. Мо танҳо ба хотири муштзанҳоямон кор мекунем, онҳо нафарони муҳимтарини созмони мо ҳастанд. Ба ҳамаи ширкаткунандагони Чемпионати Осиё муваффақият ва тансиҳатӣ мехоҳам”, - гуфтааст президенти AIBA Умар Кремлев.
Ёдрас мешавем, ки Чемпионати Осиё-2021 оид ба бокс аз 21 май то 1 июн дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад. Дар ин чорабинии қоравӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ширкат мекунанд:
Бонувон
-51кг – Сумайя Қосимова
-54кг – Руҳафзо Ҳақназарова
-57кг – Миҷгона Самадова
-60кг – Шоира Зулқайнарова
Мардон
-56кг – Бахтовар Сагизов
-60кг – Абдураҳмон Ёқубов
-64кг – Баҳодур Усмонов (чемпиони феълии Осиё)
-75кг – Абдумалик Болтаев
-81кг – Шаббос Негматуллоев
-91кг – Ҷасур Қурбонов
+91кг – Сиёвуш Зуҳуров
Онҳоро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев, Парвиз Ахмедов ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар намуди бокс варзишгарони мо ду роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд. Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг, ки ҳар ду аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии То ҷикистон бархурдоранд, кишвари моро дар Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23 июл то 8 августи 2021 баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд. Чемпионати Осиё як имкони хуби омодагии варзишгарон ба Олимпиада мебошад.