Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

AIBA САНАИ БАРГУЗОРИИ ЧҶ-2021 ДАР БЕЛГРАДРО МУАЙЯН КАРД

11.05.2021

: 1617

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон соли 2021 дар Белгради Сербия аз 26 октябр то 6 ноябр баргузор мешавад.

Дар ин бора сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) хабар додааст.

Пас аз муайян шудани санаи ЧҶ-2021 президенти AIBA Умар Кремлев хост, ки бокс новобаста ба вазъи душвор дар робита ба COVID-19 бояд рушд кунад.

“Мо бояд дар ин давраи мушкил муттаҳид шавем ва ба варзишгаронамон имкон фароҳам орем, ки дар сатҳи олӣ сабқат кунанд. Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон азми қавии моро нишон медиҳад, ки ба муштзанҳои тамоми ҷаҳон платформаро барои расидан ба иқтидори пурраи худ фароҳам орем. Мо комилан итминон дорем, ки бо дарназардошти татбиқи бомуваффақияти чораҳои мубориза бо COVID-19 дар давоми сол мусобиқа бехатар баргузор хоҳад шуд, - гуфтааст президенти AIBA. - Пешрафте, ки AIBA дар самти ислоҳот ба даст овардааст ва идома хоҳад дод, дар Чемпионати ҷаҳон аён хоҳад буд. Мо ба баланд бардоштани шаффофияти варзиш ва инчунин мудирият диққат медиҳем. Мо аллакай пас аз ҳар як давр ҳисобкунии кушодро амалӣ кардем ва ин танҳо ибтидост. Мо қоидаҳои худро ба манфиати муштзанҳо тағйир медиҳем ва инчунин барои тамошобин ҳама чизро равшантар мекунем. Чемпионати ҷаҳон ҷашни воқеии бокс хоҳад буд”.

Чемпионати ҷаҳонии қаблӣ оид ба бокс миёни мардон соли 2019 дар Екатеринбурги Россия доир гашта буд.