Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ

Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ

15.09.2020

: 967

14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ Варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ифтитоҳ карда, бо роҳбарон ва фаъолону сокинони ноҳия мулоқот карданд.

Майдони умумии варзишгоҳ 3,2 гектарро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ дар он аз соли 2016 оғоз гардида буд.
Варзишгоҳ дар шаҳраки Бӯстон бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи пудратчиён - ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон”, “Темурҷон” ва “Эъҷози ҳунар” сохта шуд.
Варзишгоҳ аз чор минбари нишастгоҳ ва ҳамчунин барои меҳмонони олиқадр ҷойи махсус иборат аст.
Масоҳати майдон барои бозии футбол бо андозаи 105 бар 68 метр мебошад.
Дар ошёнаи 1-ум утоқи кории директор, ҳуҷраи маъмурият, толори машқи бадан, тениси рӯи миз, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи назорати допинг, ҳуҷраи бозингарон, ҳуҷраи интизорӣ, ҳуҷраи либоскашӣ, утоқи муррабӣ, душхона, ҳоҷатхона, анбори таҷҳизоти варзишӣ, ҳуҷраи техникӣ, ошхона, шустушӯи зарфҳо, анбор, хол ва роҳрав ҷойгир аст.
Дар ошёнаи 3-юм ҳуҷраи меҳмонон, ҳуҷраи истироҳатӣ ва ҳуҷраи санитарӣ ҷойгир шудааст.
Дар минбари шарқӣ ҳуҷраи доварон, ҳуҷраи нозирон, ҳуҷраи муррабӣ, ҳуҷраи либоскашии варзишгарон, ҳуҷраи масҳ, ҳаммом ва ҳуҷраи техникӣ сохта шудааст.
Баъди ифтитоҳи варзишгоҳи марказии ноҳия дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Мастчоҳ суханронӣ карданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони сарбаланди вилояти Суғдро ба ифтихори бисту нуҳумин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки дар вилоят раванди ободониву созандагӣ ба хотири истиқболи ҷашни муқаддасу бузурги халқамон - сисолагии истиқлоли давлатӣ босуръат идома дорад.
Умуман, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то моҳи сентябри соли 2021 бунёду азнавсозии беш аз 7200 иншооту биноҳо ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи маълумот дар вилоят то имрӯз аз ҳисоби буҷет, инчунин, соҳибкорону шахсони саховатманд ва сармоягузорони хориҷӣ сохтмон ва азнавсозии беш аз 5000 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла, 254 муассисаи таҳсилоти умумиву томактабӣ, 74 иншооти соҳаи фарҳанг, 344 беморхона, бунгоҳи тиббӣ, маркази тиббӣ ва дигар муассисаҳои тандурустӣ, 731 маркази хизматрасониву савдо, 29 меҳмонхона, ҳамчунин, 17 боғи фарҳангу фароғат, 40 гулгашт, 335 толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ ва майдонча барои бозии кӯдакон, 235 корхонаи истеҳсолӣ ва беш аз 2800 иншооти дигар сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар соли 2020 бунёду таҷдиди қариб 1900 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар давоми 7 моҳ 986 иншоот ба истифода дода шудааст.
Аз ҳисоби мавриди истифода қарор гирифтани иншооту корхонаҳои зикргардида дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қариб 15 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар ноҳияи Мастчоҳ солҳои 2018-2021 бунёду азнавсозии 531 иншооту биноҳо пешбинӣ шуда, то имрӯз 369 иншоот ба истифода супорида шудааст.
Дар 29 соли истиқлоли давлатӣ, Ҳукумати мамлакат ба таъмин намудани рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мастчоҳ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми ин диёр пайваста таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин муддат аз ҳисоби буҷети давлатӣ 565 миллион сомонӣ маблағ ҷудо намудааст.
Илова бар ин, дар ин давра дар ноҳия 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ доир ба барқарорсозии инфрасохтор ва рушди деҳот, сохтмону муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, бунёду таҷдид ва нигоҳдории роҳҳои мошингард, сохтмони хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва кам кардани талафоти он, таъмини рушди устувори соҳаи пахтакорӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маблағи зиёда аз 209 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст. Инчунин, ҳоло дар ноҳия аз ҷониби Ҳукумати кишвар боз 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблаги 35 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 17 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 12 муассисаи томактабӣ, 39 муассисаи тиббӣ, 30 иншооти фарҳанг, 7 варзишгоҳ, 41 толори варзишӣ, 28 майдончаи варзишӣ, 2 меҳмонхона, 130 километр роҳи мошингард, 17 пойгоҳи обкашӣ ва 3 маркази хизматрасонии техникаи кишоварзӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар як муддати кӯтоҳ бо заҳмати аҳлонаи мардуми ноҳияи Мастчоҳ дар ҳудуди шаҳраку деҳот даҳҳо иншооти нав бо тарҳи миллӣ қомат афрохта, ба ин гӯшаи зебоманзари диёрамон ҳусни тоза бахшидаанд.
Мавриди зикр аст, ки ташрифи навбатии Сарвари давлат ба ноҳияи Мастчоҳ барои сокинон бобарору хотирмон мебошад, зеро танҳо зимни ин сафари корӣ 57 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита дар маросими ифтитоҳи 17-тои он иштирок карданд.
Дар доираи сафари кории Пешвои миллат иншооти наву муосири мактабу корхонаҳои саноатӣ, маркази адлия, бинои ҳизбӣ, парчами давлатӣ, фабрикаи парандапарварӣ, корхонаи коркарди шир, варзишгоҳи марказӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуда, 21 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардид. Барои таъмини пурраи аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ 90 чоҳи амудӣ канда шуд.
Ифтитоҳи иншоот, агар аз як ҷиҳат боиси пешравии иқтисодиёти ноҳия бошад, аз ҷониби дигар омили муҳими ташкили ҷойи кор ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад.  
  Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи сокинони ноҳияро бо ҷашни бузурги миллӣ - 29-солагии истиқлоли давлатӣ ва ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки мардум бо дарки баланди масъулият ва хештаншиносӣ корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшида, дар ободии як гӯшаи диёр саҳми муносиб мегузоранд.
Баъди суханронии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому самимият нисбат ба Пешвои миллат варзишгарони ҷавон барномаи ҷолиберо пешкаши ҳозирин карданд.
Акнун сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо истифода аз ин варзишгоҳи муосир метавонанд дилхоҳ чорабинии варзиширо баргузор намоянд.