07.09.2020
: 1107
То анҷоми сеюм Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон як даври дигар боқӣ монд. Тақдири медалҳои тилло феълан ҳал нашудааст.
Ғолиби чемпионат дар даври ниҳоӣ, 9 сентябр, муайян мегардад. Дар ин рӯз дастаи “Хатлон”-и Бохтар, ки феълан дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад, дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанберо, ки ҷои дуюмро ишғол менамояд, қабул мекунад. Баъд аз бозиҳои 17 даври чемпионат “Хатлон” 47 хол дорад, “Зебонисо” 46 хол. 9 сентябр барои дуюм маротиба чемпион шудан дастаи “Хатлон”-ро ҳисоби мусовӣ низ қонеъ мекунад, вале “Зебонисо ҳатман бояд ғалаба ба даст оварад.
Медалҳои биринҷӣ, новобаста ба натиҷаи даври 18-ум, насиби дастаи “Зебо” гардид. Футболбозбонувони ноҳияи Дӯстӣ дар 17 давр 42 хол ба даст овардаанд. Дар ҷои чорум тими “Регар-ТадАЗ” бо 34 хол мавқеъ гирифтааст ва ҳар ду даста дар даври ҷамъбастӣ бо ҳам бозӣ мекунанд.
Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон. 17-ум давр
«Барқ» – «Хатлон» – 0:10
«Равшан» – «Зебо» – 1:7
«Регар-ТадАЗ» – «Чашма» – 16:0
«Панҷшер» – «Ҳосилот» – 1:1
«Бешкент» – «Зебонисо» – 0:2
ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | |
1 | "Хатлон" (Бохтар) | 17 | 15 | 2 | 0 | 133-5 | 47 |
2 | "Зебонисо" (Душанбе) | 17 | 15 | 1 | 1 | 168-3 | 46 |
3 | "Зебо" (Дӯстӣ) | 17 | 13 | 3 | 1 | 124-11 | 42 |
4 | "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) | 17 | 11 | 1 | 5 | 93-19 | 34 |
5 | "Бешкент" (Носири Хусрав) | 17 | 8 | 2 | 7 | 61-27 | 26 |
6 | "Равшан" (Кӯлоб) | 17 | 4 | 0 | 13 | 9-83 | 12 |
7 | "Ҳосилот" (Фархор) | 17 | 3 | 3 | 11 | 9-111 | 12 |
8 | "Барқ" (Норак) | 17 | 3 | 2 | 12 | 7-106 | 11 |
9 | "Чашма" (Дӯстӣ) | 17 | 3 | 0 | 14 | 10-151 | 9 |
10 | "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ) | 17 | 1 | 4 | 12 | 17-121 | 7 |