25.08.2020
: 1371
24 август се бозии дигари даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.
“Хуҷанд” тавассути зарбаҳои нишонраси Дилшод Бозоров ва Алишер Баротов дар майдони худ тими “Файзканд”-и Восеъро мағлуб намуд – 2:0
“Истиқлол” дар сафар бо душворӣ дастаи “Истаравшан”-ро шикаст дод – 2:1. Ҳисобро дар дақиқаи 23-юм бозингари Истаравшан Салам Ашурмамадов кушод. Душанбегиҳо дар нимаи дуюми бозӣ тавассути голҳои задаи Эҳсони Панҷшанбе ва Рустам Соиров пирӯз шуда, се холи навбатиро ба даст оварданд.
Дар бозии ниҳоии давр “Хатлон” ва КМВА ба дарвозаи якдигар гол зада натавонистанд – 0:0.
Пас аз натиҷагирии сенздаҳ давр дар ҷадвали чемпионат “Истиқлол” бо 37 хол ҷои аввалро ишғол кардааст. “Хуҷанд” бо 26 хол дар ҷои дуюм, “Хатлон” бо 22 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Дар робита ба бозии рафиқонаи мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахаби Узбекистон (3 сентябр) дар чемпионати кишвар таътили дуҳафтаина эълон шуд. Бозиҳои даври чордаҳуми лигаи олии кишвар 7 сентябр баргузор мешавад.
ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | |
1 | "Истиқлол" (Душанбе) | 13 | 12 | 1 | 0 | 51-6 | 37 |
2 | "Хуҷанд" (Хуҷанд) | 13 | 8 | 2 | 3 | 21-15 | 26 |
3 | "Хатлон" (Бохтар) | 13 | 6 | 4 | 3 | 22-18 | 22 |
4 | "Куктош" (Рӯдакӣ) | 13 | 5 | 5 | 3 | 20-16 | 20 |
5 | КМВА (Душанбе) | 13 | 5 | 4 | 4 | 20-19 | 19 |
6 | "Душанбе-83" (Душанбе) | 13 | 4 | 3 | 6 | 15-22 | 15 |
7 | "Файзканд" (Восеъ) | 13 | 3 | 5 | 5 | 12-23 | 14 |
8 | "Истаравшан" (Истаравшан) | 13 | 2 | 3 | 8 | 16-31 | 9 |
9 | "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) | 13 | 2 | 3 | 8 | 16-31 | 9 |
10 | "Локомотив-Помир" (Душанбе) | 13 | 1 | 4 | 8 | 9-21 | 7 |